«Реал» ҷойгузини Модричро пайдо кард

«Реал» ҷойгузини Модричро пайдо кард

Ниммуҳофизатгари хорватии бошгоҳи ССКА Никола Влашич дар таваҷҷуҳи “Реал” қарор дорад. Ба маълумоти defensacentral.com, роҳбарияти “Реал” бозигари 22 соларо ҳамчун ҷойгузини Лука Модрич дидан мехоҳад. Лука Модрич худаш хостааст, ки ба ҷойи ӯ Никола Влашичро харидорӣ кунанд.

Шартномаи Влашич бо дастаи ССКА то тобистони соли 2024 эътибор дорад. Дар мавсими ҷорӣ бозигар 30 бозӣ доир намуда, ба задани 8 гол даст ёфтааст.