"Реал" ҷойгузини Рамосро муаррифӣ кард

"Реал" ҷойгузини Рамосро муаррифӣ кард

Ҳимоятгар Дэвид Алаба тасмим гирифт, ки дар "Реал" таҳти кадом рақам бозӣ мекунад. Футболбоз рақами 4-и   Серхио Рамосро дар Мадрид интихоб кард.

Рӯзи чоршанбе Алаба аз муоинаи тиббӣ бомуваффақият гузашт. Баъдтар, президенти "Реал Мадрид" Флорентино Перес навкорро дар як чорабинии махсус муаррифӣ кард. Алаба аз дасти Перес футболка бо рақами 4-ро гирифт. Қаблан бо он капитани "Реал Мадрид" Серхио Рамос ва Фернандо Ҳерро ҳунарнамоӣ мекарданд. Ёдовар мешавем, ки Дэвид Алаба ба ҳайси агенти озод ба Мадрид омад. Вай қаблан 13 солро дар Бавария сипарӣ кардааст.