“Реал” рекорди бошгоҳии даврони Анчелоттиро такрор кард

“Реал”  рекорди бошгоҳии даврони Анчелоттиро такрор кард

Дастаи «Реал Мадрид» дар майдони хеш бар «Малйорка» (1:0) дар даври 19-уми Ла Лига зафар ёфт.

Мадридиҳо силсилаи бозиҳои хонагии бебохти хешро дар ҳамаи мусобиқаҳо то 19 бозӣ (16 пирӯзӣ, 3 мусовӣ) дароз намуда, рекорди бошгоҳии даврони сармураббӣ Карло Анчелоттиро такрор намуданд.

Бори нахуст дастоварди «Реал» аз даврони моҳи апрели соли 2022 то моҳи феврали соли 2023-юм (14 пирӯзӣ, 5 мусовӣ) гузошта шуда буд.