«Реал» ситораашро баҳри харидории Мбаппе ба фуруш гузошт

«Реал» ситораашро баҳри харидории Мбаппе ба фуруш гузошт

Роҳбарияти бошгоҳи “Реал” тасмим гирифтааст, ки тобистони соли ҷорӣ ба ҳар роҳе набошад, ҳамлавари ҷавони фаронсавии “ПСЖ” Килиан Мбапперо харидорӣ намояд. “Гаразмониҳо” мехоҳанд, ки барои харидории Мбаппе аввал Искоро фурушанд. Дар сарчашма омадааст, ки аллакай се бошгоҳи англисӣ хостори харидории Иско мебошанд. Барои ба даст овардани испании 27 сола тимҳои «Арсенал», «Челси» ва «Манчестер Сити» муддаии асосӣ ба ҳисоб мерванд. Қаблан сармураббии мадридиҳо худи Зидан низ маҳорати Мбапперо баҳои баланд дода буд.