"Реал Сосейдад" як қадами дигар то финал

"Реал Сосейдад" як қадами дигар то финал

Дар марҳилаи ½ ниҳоии Ҷоми Испания бошгоҳи "Реал Сосейдад" дар варзишгоҳи хонагиаш дастаи "Мирандес"- ро пазируфт. Ҳанӯз дар дақиқаҳои аввал соҳибони майдон ба задани гол даст ёфтанд. Дар дақиқаи 9- ум ниммуҳофизатгари испанӣ Оярсабал Микел аз зарбаи пеналти тӯбро бе хато вориди дастаи "Миранда" намуд. Меҳмонон низ аз аксулҳуҷумҳо кор гирифта, дар дақиқаи 39- ум бо голи задаи ҳамлавари даста Аяс Мазеус натиҷаи бозиро мусовӣ намуданд. Бозингарони "Реал Сосейдад" пас аз 3 дақиқа аниқтараш дар дақиқаи 42- юм ба ин голи задаи меҳмонон посух гардониданд. Ниммуҳофизатгари 21- солаи норвегитабор Мартин Эдегор ба задани гол ноил гардида, ҳисобро 2:1 намуд. Бо ҳамин натиҷа дастаҳо ба танаффус рафтанд. Дар қисми дуюми дидор мо шоҳиди гол нашудем аммо ҳолатҳои хафнок ҷониби дарвозаи якдигар зиёд буд. Ҳамакунун дастаи "Мирандес" санаи 5- уми март бозии ҷавобиро ба муқобили бошгоҳи "Реал Соседад" доир хоҳад кард.