«Реал Сосйедад» рӯзҳои мушкилро аз сар мегузаронад

«Реал Сосйедад» рӯзҳои мушкилро аз сар мегузаронад

Бошгоҳи «Хетафе» дар рақобатҳои даври 32-юми Ла Лига тими «Реал Соседад»-ро бо натиҷаи 2:1 мағлуб намуд. Дар ин вохӯрӣ голҳои мизбононро Хайме Мата ба нишон расонид. Ягона тӯби меҳмононро бошад, Аднан Янузай муаллифӣ кард. Баъди ин пирӯзӣ «Хетафе» бо касби 52 хол дар ҷои 5-ум қарор дорад. «Реал Соседад» бошад, 47 имтиёз дораду зинаи 7-умро касб намудааст. Ёдовар мешавем, ки «Реал Соседад» дар чор бозии охири худ дучори бохт мешавад.

Чемпионати Испания. Даври 32-юм

«Хетафе» — «Реал Сосйедад» — 2:1 (1:0)

Голҳо: Мата, 20 аз пеналти (1:0). Янузай, 55 (1:1). Мата, 83 (2:1).

«Хетафе»: Сория, Эчейта, Ном (Этебо, 69), Суарес, Оливера, Чема, Кукуреля (Хасон, 82), Максимович, Арамбарри, Мата (Тимор, 90), Дуро (Хорхе Молина, 68).

«Реал Сосйедад»: Ремиро, Монреал, Салдуа, Элустондо (Ҷуара, 89), Ле Норман, Пачеко (Субименди, 78), Мерино, Субелдия, Янузай (Виллиан Жозе, 78), Оярсабал, Исак (Порту, 67).