«Реал Сосйедад» садрнишини ҷадвали Ла Лига

«Реал Сосйедад» садрнишини ҷадвали Ла Лига

Бо бозӣ байни дастаҳои «Реал Сосйедад» ва «Леганес» рақобатҳои даври 13-уми Ла Лига оғоз шуданд. Рақобати дастаҳо пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Баъди ин вохӯрӣ «Реал Сосйедад» 23 хол касб намуда, ба зинаи аввали ҷадвал роҳ ёфт. Ногуфта намонад, ки дастаҳои “Реал”, “Барселона” ва “Атлетико” бозии даври 13-умро баргузор накардаанд. 

Чемпионати Испания

Даври 13-ум

«Реал Сосйедад» — «Леганес» — 1:1 (0:0)

Голҳо: Мерино, 63 (1:0). Эн-Несири, 78 (1:1).

«Реал Сосйедад»: Ремиро, Монреал, Лйоренте, Салдуа (Элустондо, 84), Ле Норман, Порту, Мерино, Субелдия, Виллиан Жозе (Исак, 78), Янузай (Сангали, 69), Оярсабал.

«Леганес»: Куэляр, Росалес, Омеруо, Сиовас, Бустинса, Родригес, Ресио, Меса, Оскар Родригес (Каррило, 70), Брэйтуэйт (Руибал, 88), Арнаис (Эн-Несири, 46).