«Реал» ва «Барса» дар қаллобӣ муттаҳам карда мешаванд

«Реал» ва «Барса» дар қаллобӣ муттаҳам карда мешаванд

Суди Адлияи Аврупо тасдиқ кард, ки 4 бошгоҳи Испания ба таври ғайриқонунӣ кумаки давлатиро дар шакли имтиёзҳои андоз истифода мекардаанд. Соли 2016, Комиссияи Аврупо муқаррар намуда буд, ки “Барселона”, “Реал Мадрид”, “Осасуна” ва “Атлетик Б” аз соли 1990 ба ин сӯ бидуни сабабҳои объективӣ ҳамчун ташкилотҳои ғайритиҷоратии сабти ном ба қайд гирифта шудаанд ва ҳуқуқи имтиёзҳои пардохти ҳатмии андозро доранд. Меъёри андоз барои онҳо нисбат ба дигар клубҳо 5% камтар будасст. Ба хабаргузории сомонаи Marca ин вазъ то соли 2016 идома намудааст.

Қарор буд, ки ҳар яке аз дастаҳо вазифадор карда шаванд, ки товони зиёни буҷаи кишварро дар ҳаҷми на бештар аз 5 миллион евро пардохт кунанд, аммо дастаҳо аз пардохти чунин маблағ саркашӣ намуданд.

“Барселона” ва “Атлетик” аз болои ин қарор ба Суди генералии ИА шикоят бурданд, ки дар натиҷаиӯ шикояти онҳо соли 2019 бенатиҷа хотима ёфт. Маблағи дақиқи баргардонидани пулро мақомоти Испания рӯзҳои наздик расман эълон мекунад.