“Реал” ва “Барселона” имкони хариди Ҳоландро дар соли 2027 меомӯзанд
Дастаҳои «Реал Мадрид» ва «Барселона» имкони ба даст овардани ҳамлагари «Манчестер Сити» Эрлинг Ҳоландро дар соли 2027 меомӯзанд. Дар ин бора TEAMtalk хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳарду бошгоҳи бузурги Испания бар ин назаранд, ки Ҳоланд метавонад соли оянда имкони иваз кардани бошгоҳро баррасӣ кунад.
Ҳоланд дар аввали соли гузашта бо «Манчестер Сити» шартномаи нави нӯҳсола ба имзо расонида буд. Он вақт манбаъҳои наздик ба бошгоҳи шаҳри Манчестер изҳор карда буданд, ки ҳамаи бандҳои марбут ба маблағи ҷуброни шартнома, ки дар созишномаҳои қаблӣ вуҷуд доштанд, хориҷ шудаанд.
Бо вуҷуди ин, манбаъҳои наздик ба «Реал» ва «Барселона» бар ин боваранд, ки дар шартномаи футболбози норвегӣ ҳанӯз ҳам бандҳои махсус вуҷуд доранд, ки метавонанд дар оянда барои тарки «Манчестер Сити» имконият фароҳам созанд.
Ҳамчунин миёни Ҳоланд ва роҳбарияти «Манчестер Сити» як мувофиқаи ғайрирасмӣ вуҷуд дорад. Агар футболбоз ба хулосае ояд, ки ба чолиши нав ниёз дорад, бошгоҳ омода аст вазъиятро баррасӣ кунад ва фавран имкони рафтани ӯро рад накунад.
Бо вуҷуди овозаҳои пайваста дар бораи таваҷҷуҳи «Реал» ва «Барселона», ҳоло Ҳоланд барои тарки «Манчестер Сити» хоҳиши ҷиддӣ нишон намедиҳад ва ба «шаҳриҳо» пурра содиқ боқӣ мондааст.
Ҳамин тавр, эҳтимоли гузаштани Ҳоланд ба яке аз ду грандҳои Испания ҳанӯз танҳо дар сатҳи баррасӣ қарор дорад, аммо соли 2027 метавонад вазъият дар бозори трансфериро тағйир диҳад.