«Реал» яку якбора бо Ла Лига, ФИФА ва УЕФА ҷанг эълон кард

«Реал»-и Мадрид аз оне норозӣ аст, ки Винисиус Жуниор ва Эдуардо Камавинга дар сафи тимҳои миллии хеш ҷароҳат бардоштанд.
Чӣ тавре журналист Marca Хавйер Бирланга хабар медиҳад, бошгоҳ дар ин Ла Лига, Федератсияи футболи Испания, ФИФА ва УЕФА-ро айбдор кардааст. Ба андешаи намояндагони «Реал» онҳо дар созмондиҳии тақвими зиче, ки ба ҷароҳати бозигарон оварда мерасонад, айбдор мебошанд.
Ёдрас мекунем, ки Винисиус Жуниор дар сафи мунтахаби Бразилия дар бозии марҳилаи интихобии ЧМ-2026 зидди Колумбия ҷароҳат бардошта, то моҳи феврал аз қатор афтод.
Камавинга дар тамринҳои мунтахаби Фаронса захм гирифта, то 8–10 ҳафта ба майдон баромада наметавонад.
Ҳамчунин бояд ишора намуд, ки айни ҳол як гурӯҳ аз бозигарони сафи асосии «Реал» ҷароҳат бардошта, ба муддати тӯлонӣ ба майдон омада наметавонанд.