“Регар-ТадАЗ” бидуни сармураббӣ монд!

“Регар-ТадАЗ” бидуни сармураббӣ монд!

Сармураббии дастаи "Регар-ТадАЗ" – и шаҳри Турсунзода - Алиёр Ашурмамадов аз мақомаш истеъфо дод. Ин чорумин истеъфои сармураббӣ дар байни дастаҳои Лигаи Олӣ маҳсуб мешавад.

Дастаи шаҳри Турсунзода пас аз даври 11-уми Лигаи Олӣ  зери роҳбарии Ашурмамадов 2 ғалаба, 3 мусовӣ ва 5 шикастро ба қайд гирифта, дар таҳхонаи ҷадвали мусобиқот маскан гирифтааст.

Пас аз натиҷаҳои ғайриқаноъатбахши даста,  бо роҳбарии мутахассиси мазкур, ҷонибҳо барои қатъи қарордоди ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.

Ҳоло дастаро  Фарҳод Холбеков, ки қаблан ёвари сармураббӣ буд, идора мекунад.