“Регар-ТадАЗ”, КМВА ва “Истиқлол” пеш аз муҳлат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2025 баромаданд

Як бозӣ ва як давр мондан то анҷоми марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2025 дар минтақаи Душанбе се аз чор дастаҳои роҳхатгирифта ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа маълум шуданд.
Аз гурӯҳи “А” Регар-ТадАЗ бо касби 12 имтиёз дар чор дидор, КМВА бо 9 имтиёз дар се бозӣ (даста 2 бозии дигар дорад) ва “Истиқлол” аз гурӯҳӣ “Б” бо шаш имтиёз дар се бозӣ ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа баромаданд.
Як роҳхати дигар дар бозии байниҳамии “Ҳулбук” ва “Ҳосилот” маълум мешавад. Ба “Ҳулбук” мусовӣ кифоягӣ мекунад, дар сурати бохт даста бо шаш имтиёз бинобар натиҷаи рақобат зидди “Истиқлол” тарки мусобиқа мекунад, чун дар ҳолати баробарии холҳо бозии байниҳамӣ ба инобат гирифта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи пешазмавсимии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки зери сарпарастии бевоситаи Президенти Федератсияи футболи кишвар баргузор мегардад, имсол фонди ҷоизавӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ муайян гардидааст.
Дастаи ғолиб 50 ҳазор, зинаи дуюм 30 ҳазор ва зинаи сеюм 20 ҳазор сомонӣ ба даст меоранд. Қобили зикр аст, ки ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа чор даста аз минтақаи Душанбе ва дутои даста аз минтақаҳои Суғду Хатлон роҳ меёбанд.
Соли гузашта, дастаи “Равшан” дар финали Ҷоми ФФТ бар “Ҳосилот” бо ягона голи Бахтиёр Зарипов зафар ёфта, бори аввал дар таърих ғолиб шуда буд. “Ҳосилот” соҳиби нишонҳои нуқра ва КМВА барандаи нишонҳои биринҷии мусобиқа гардиданд. Бахтиёр Зарипов аз ҳайати “Равшан” беҳтарин бозигари вохӯрӣ дониста шуд.