“Регар-ТадАЗ” пас аз 7 сол “Истиқлол”-ро шикаст дод
Бозии марказии даври 13-уми Лигаи олӣ-2026 миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ва “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ба анҷом расид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Талко-Арена”-и шаҳри Турсунзода доир шуда, бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди тими шаҳри Турсунзода хотима ёфт.
Ягона голи вохӯриро ҳамлагари нави "Регар-ТадАЗ" Мболло Мануэл Ҷозеф дар дақиқаи 27-ум ба ҳадаф расонд.
Пас аз 7 сол бори нахуст дар Лигаи олӣ тими шаҳри Турсунзода зидди “Истиқлол” дастболо шуд.
Бори охир 5-уми октябри соли 2019 дастаи “Регар-ТадАЗ” муқобили “Истиқлол” комёб шуда буд. Инчунин, ин аввалин ғалабаи хонагии дастаи “Регар-ТадАЗ” дар 15 соли охир бар “Истиқлол”-и Душанбе аст.
Ёдовар мешавем, ки барои “Истиқлол” ин аввалин бохт дар мавсими имсолаи Лигаи олӣ ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа, пас аз бохт “Истиқлол” бо касби 25 имтиёз дар зинаи сеюм аст. “Регар-ТадАЗ” бо 27 имтиёз ба зинаи дуюм баромад. “Ҳосилот” бо 27 имтиёз ва таносуби тӯбҳо пешсафи ҷадвали мусобиқа аст.
Натиҷаҳои бозиҳои даври 13-уми Лигаи олӣ
“Парвоз” 2:4 “Сардор”
“Барқчӣ” 1:1 “Равшан”
“Хуҷанд” 1:1 КМВА
“Вахш” 4:2 “Эсхата”
“Регар-ТадАЗ” 1:0 “Истиқлол”
“Ҳосилот” 5:2 “Истаравшан”