"Регар-ТадАЗ" пас аз анҷоми шартномаи ҳамкорӣ бо 4 бозигар видоъ кард
Дар Чемпионати Тоҷикистон-2026 равзанаи гузаришӣ тобистона оғоз гардидааст ва то 29-уми июл идома меёбад. Дар ин муддат дастаҳо метавонанд бозигарони навро ба қайд гирифта ба ҳайати худ шомил намоянд.
Дастаи "Регар-ТадАЗ" пас аз анҷоми шартномаи ҳамкорӣ бо 4 бозигар Саидмухтор Азимов , Фирӯз Бобиев , Давид Атсам ва Абоммо Нголло видоъ кард.
Бо розигии ду тараф байни дастаи "Регар-ТадАЗ" ва ниммуҳофизатгар Саидмухтор Азимов қарордоди ҳамкорӣ қатъ карда шуд. Азимов давоми ду соли охир шарафаи тими шаҳри Турсунзодаро ҳимоя мекард ва ҳоло ҳамчун бозигари озод ба дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе гузариш кард.
Ҳамчунин, бо мувофиқаи ду ҷониб байни дастаи “Регар-ТадАЗ” ва ниммуҳофизатгар Фирӯз Бобиев қарордоди ҳамкорӣ қатъ карда шуд. Бобиев давоми чор соли охир дар ҳайати “металлургчиён” бозӣ карда, ҷоизаҳои арзишманд аз қабили Ҷоми ФФТ ва Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.
Ниммуҳофизатгар Давид Атсам низ бо анҷоми қарордоди ҳамкорӣ бо “Регар-ТадАЗ” видоъ кард. Давид Атсам тӯли тақрибан якуним соли охир дар ҳайати тими шаҳри Турсунзода бозӣ карда, барандаи Ҷом ва Суперҷоми Тоҷикистон гардидааст.
Инчунин, пас аз ба анҷом расидани муҳлати қарордод, ҳамлагар Абоммо Нголло ҳамчун футболбози озод тарки “Регар-ТадАЗ” намуд.