“Регар-ТадАЗ” ва “Истаравшан” ба нимфинали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтанд

“Регар-ТадАЗ” ва “Истаравшан” ба нимфинали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтанд

Бозиҳои даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 ба анҷом расид. Дар баробари дастаҳои “Равшан” ва “Хатлон” тимҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Истаравшан” низ ба даври навбатӣ роҳ ёфтанд.

Дар чорякфинал “Регар-ТадАЗ” бар тими “Локомотив-Помир” бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард. Дар ҳайати дастаи ғолиб Шавкати Ҳотам хет-трик анҷом дод. Як голи дигарро Иброҳим Зокиров ба номаш сабт кард.

Дар бозии дигар “Истаравшан” пас аз силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра “Куктош”-ро мағлуб намуд. Вақти асосии дидор мусовӣ анҷом ёфт – 0:0. Дар вақти изофӣ дастаҳо ба дарвозаи якдигар якголӣ заданд. Дар силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бахти истаравшаниҳо омад кард – 5:4.

Ҳамин тариқ, дар даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон рӯзҳои 22-23 сентябр “Равшан” бо “Регар-ТадАЗ” ва “Хатлон” бо “Истаравшан” вомехуранд.

Ҷоми Тоҷикистон-2020

Даври ¼ финал

«Истаравшан» – «Куктош» – 1:1. Аз пеналти – 5:4

Голҳо: Набиҷон Раупов, 113 (1:0). Мбеке Сиебатчеу Диеудони, 115 (1:1).

Пеналти: Мбеке Сиебатчеу Диеудони – 0:1. Илҳом Баротов – 1:1. Далер Ёдгоров – 1:2. Саиддостон Фозилов – 2:2. Муҳаммадшарифи Саидхоҷа – 2:3. Отабек Каримов – 3:3. Собирҷон Холматов – 3:3 (дарвозабон). Беҳруз Хайриев – 4:3. Ҳикматулло Расулов – 4:4. Салам Ашурмамадов – 5:4.

«Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ» – 2:4

Голҳо: Шавкати Ҳотам, 14 (0:1). Эмомалӣ Аҳмадхон, 22 (1:1). Ҷонибек Шарипов, 34 (2:1). Шавкати Ҳотам, 59 (2:2). Шавкати Ҳотам, 63 (2:3). Ибрагим Зокиров, 90+2 (2:4).