Рекорди навбатии “Ливерпул”

Рекорди навбатии “Ливерпул”

Дастаи “Ливерпул” дар бозии марказии даври 22-юми Лигаи бартари Англия меҳмони “Тоттенҳэм” шуд. Тақдири ин бозиро голи ягонаи Роберто Фириминио, ки дар дақиқаи 37-ум бо паси Муҳаммад Салоҳ зад, ҳал кард. Баъд аз ин комёбӣ шогирдони Юрген Клопп нишондоди дастаи “Манчестер Сити”-ро, ки дар мавсими 2017/18 пас аз 21 бозӣ 59 имтиёз касб карда буданд, дигар каранд. Ҳоло дар ҳисоби “сурхпӯшон” 61 имтиёз буда, дар чемпионат онҳо ягона дастаанд, ки боре ҳам дучори шикаст нагаштаанд.