Рекорди нави Беллингем дар "Реал". Ӯ аз Роналду ва Ди Стефано пеш гузашт!

Рекорд қаблан ба собиқ бозигари тим - Криштиану Роналдуи афсонавӣ ва Алфредо Ди Стефанои аргентинӣ, ки дар 15 бозии аввали худ дар ҳайати "Реал Мадрид" 13 гол зада буданд, тааллуқ дошт.
Беллингем тобистони имсол аз "Боруссия"-и Дортмунд ба ҳайати бошгоҳи шаҳри Мадрид" гузашт.
Беллингем дар мавсими имсола дар ҳайати "Реал Мадрид" дар 15 бозӣ дар тамоми мусобиқаҳо баромад карда, 14 гол ва 3 ассист ба самар расонидааст.
Дар айни ҳол бошгоҳи шаҳри Мадрид пас аз 14 бозии Ла Лигаи Испания бо 35 имтиёз пешсафи чемпионат мебошад.