Рекорди нави Чемпионати ҷаҳонро испаниҳо сабт карданд

Рекорди нави Чемпионати ҷаҳонро испаниҳо сабт карданд

Ҷоми ҷаҳони футбол-2022 дар Қатар идома дорад. Мунтахаби Испания бар Коста-Рика бо ҳисоби 7:0 пирӯз шуд ва инчунин дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол рекорди навро аз рӯйи доракунии тӯб гузошт.

Фоизи идоракунии тӯб дар испаниҳо 81,7% буд. Ин беҳтарин натиҷа дар таърихи чемпионатҳои ҷаҳон аст. Қабл аз ин рекорд ба тими миллии Аргентина тааллуқ дошт. Дар бозӣ бо Юнон дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2010 аргентиниҳо 80,3% вақти бозӣ ба тӯб соҳибӣ кардаанд.