Рекорди нави Криштиану Роналду
Ҳамлагари дастаи “Ал-Наср” Криштиану Роналду боз як рекорд гузошт. Дар бозии даври 14-уми чемпионати Арабистони Саудӣ аз ҳайати “Ал-Наср” бо задани пеналтӣ ба дарвозаи “Ал-Аҳдуд” ҳамлагари португалии 39-сола барои 24-умин соли тақвимӣ гол зад ва аввалин футболбоз дар таърих шуд.
Дар ин вохӯрӣ дар дақиқаи 42-юм Криштиану Роналду аз пеналтӣ гол зада, “Ал-Наср”-ро дар ҳисоб ба пеш баровард.
Криштиану бори аввал соли 2002 дар тими «Спортинг» гол зад. Пас аз он ӯ ҳангоми бозӣ дар “Манчестер Юнайтед”, “Реал Мадрид”, “Ювентус” ва тими миллии Португалия ҳар мавсим дар ҳисоб гол дорад.
Ҳоло Криштиану Роналду дар бозиҳои расмӣ дар ҳисоб 917 гол дорад.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрии дастаҳои “Ал-Наср” ва “Ал-Аҳдуд” дар шаҳри Риёз баргузор шуда, бо ҳисоби 3 бар 1 ба фоидаи тими Роналду анҷом ёфт.
Бо ин ғалаба ҳоло “Ал-Наср” бо касби 28 имтиёз дар зинаи сеюм аст. “Ал-Аҳдуд” бо 12 имтиёз дар зинаи 14-ум маскан гирифтааст. “Ал-Иттиҳод” бо 36 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа мебошад.