Рекорди нави Ламин Ямал дар Евро -2024
Ҳамлагари тими миллии Испания Ламин Ямал дар бозии ниманиҳоии Евро-2024 бо Фаронса аз ҳайати асосӣ бозиро оғоз кард.
Ҳамин тариқ, испанӣ ҷавонтарин футболбозе гардид, ки дар даври ниманиҳоии Чемпионати Аврупо бозӣ кардааст. Аҳамият диҳед, ки Ямал 16 солу 362 рӯза аст.
Дар ин бозӣ Ямал дар дақиқаи 21-ум ба задани гол даст ёфт ва ҷавонтарин муаллифи гол дар мусобиқаҳои Евро шуд. Қаблан, Ямал ҷавонтарин бозигар дар мусобиқаҳои Евро шуда буд, ки ирсоли головар анҷом додааст.
Ба ҳамин тартиб Ямал рекорди Арда Гюлер ва Криштиану Роналдуро нав кард ва ҷавонтарин бозигари Евро шуд, ки гол ва ирсоли головар анҷом додааст.
Ёдовар мешавем, ки бозии даври ниминҳоии Евро -2024 миёни мунтахабҳо Испания ва Фаронса бо ҳисоби 2 бар 1 анҷом ёфт. Испания бо ин ғалаба аввалин шуда, роҳашро ба финал ҳамвор намуд. Беҳтарин бозигари вохӯрӣ Ямали 16 сола дар охир эътироф карда шуд.