Рекорди нави Ламин Ямал дар Ла Лига
Дар бозии даври сеюми Чемпионати Испания бо «Вилярреал» -Ламин Ямал ду ассист анҷом дод. голи ассистентӣ кард. Дар ин бозӣ дастаи “Барселона” бо ҳисоби 4 бар 3 “Вилярреал”-ро мағлуб кард.
Бо ассист дар синни 16 солу 45 рӯз, Ямал ҷавонтарин бозгигар дар асри 21 дар Лига шуд.
Ламин Ямал рекорди ҳамдастааш Фатиро, ки моҳи сентябри соли 2019 дар 16 солу 318 рӯз ба муқобили «Валенсия» ассист карда буд, шикаст.
Ямал, ки қаблан бо бозии дебютиашро муқобили “Кадис” дар Ла Лига оғоз карда, ҷавонтарин бозигари Ла Лига дар асри 21 шуда буд, имрӯз боз рекорди нав гузошт.
Ямал дар моҳи июли соли 2007 дар Испания дар оилаи муҳоҷирон аз Марокаш ва Гвинеяи экваторитабор таваллуд шудааст ва хатмкардаи “Барселона” аст.