Рекорди нави Месси дар Ҷоми ҷаҳонии футбол
Ҳамлагар ва капитани мунтахаби Аргентина Лионел Месси боз як дастоварди таърихиро ба номи худ сабт кард. Ӯ акнун беҳтарин ассистент дар таърихи Ҷоми ҷаҳонии футбол ба ҳисоб меравад.
Дар бозии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 муқобили мунтахаби Миср, ситораи тими мунтахаби Аргентина Лионел Месси дар дақиқаи 79-ум ба ҳимоятгар Кристиан Ромеро партофти головар анҷом дод. Ин ассист барои ситораи 39-солаи аргентинӣ нӯҳумин партофти головар дар таърихи Чемпионатҳои ҷаҳон гардид.
Бо ин натиҷа, Месси аз афсонаи футболи Аргентина Диего Марадона, ки дар ҳисобаш 8 ассист дошт, пеш гузашт ва ба ҷои аввал баромад.
Дар зинаи сеюм собиқ футболбози мунтахаби Олмон Пйер Литтбарски бо 7 ассист қарор дорад.
Инчунин, бо 6 партофти головар дар таърихи Ҷоми ҷаҳон футболбозони машҳуре чун Пеле, Уве Зеелер, Томас Ҳесслер, Дэвид Бекхэм, Бастиан Швайнштайгер ва Томас Мюллер қарор доранд.
Месси бо ин дастоварди нав мавқеи худро ҳамчун яке аз бузургтарин футболбозони таърихи Ҷоми ҷаҳон боз ҳам мустаҳкамтар кард.
Ёдовар мешавем, ки Месси инчунин бо 21 гол беҳтарин нишонзан дар таърихи Чемпионати ҷаҳон маҳсуб мешавад.