Рэшфорд аз Роналду пеш гузашт...

Ҳамлагари дастаи “Манчестер Юнайтед” Маркус Рэшфорд дар феҳристи нишонзанҳои беҳтарин дар мусобиқоти аврупоӣ аз Криштиану Роналду пеш гузашт.
Голи ягонаи “МЮ”-ро Рэшфорд дар бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи Аврупо муқобили «Бетис» (1:0) ба самар расонид. “Манчестер Юнайтед” аз рӯи натиҷаи ду бозӣ бо ҳисоби 5:1 ғалаба кард.
Ин гол барои ҳамлагари 25-солаи инглисӣ 25-умин дар мусобиқоти аврупоӣ бо либоси “Манчестер Юнайтед” буд.