Рибакина бар Андреева ғалаба карда, ба даври ¼-ниҳоии мусобиқаи WTA-1000 дар Пекин баромад

Рибакина бар Андреева ғалаба карда, ба даври ¼-ниҳоии мусобиқаи  WTA-1000 дар Пекин баромад

Дар бозии даври сеюми мусобиқаи WTA-1000 дар шаҳри Пекини Чин ракеткаи 60-уми ҷаҳон, теннисбози рус Мирра Андреева аз ракеткаи панҷуми ҷаҳон, намояндаи Қазоқистон - Елена Рибакина шикаст хӯрда аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд. Елена Рибакина бошад, ба даври чаҳорякниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.

Вохӯрии теннисбозон рӯи корт 1 соату 51 дақиқа идома карда, бо ҳисоби 2:6, 6:4, 6:1 ба фоидаи Елена Рибакина анҷом ёфт.

Дар даври навбатии мусобиқот дар Пекин Елена Рибакина бо ғолиби ҷуфти Арина Соболенко аз Беларус ва Ясмин Паолини аз Италия бозӣ хоҳад кард. Мусобиқаи WTA-1000 дар Чин байни занон то 8 –уми октябр идома хоҳад кард.