Рибакина осеб бардошт ва аз идомаи мусобиқаи Синсиннати даст кашид
Қаҳрамони мусобиқаи “Уимблдон 2022”, ракеткаи чаҳоруми ҷаҳон, теннисбози қазоқ Елена Рибакина дар бозии даври сеюми мусобиқаи силсилаи “Мастерс” дар Синсиннати ИМА ҷараҳат бардошт ва аз идомаи мусобиқа даст кашид.
Рибакина дар даври ҳаштякниҳоии мусобиқа муқобили ракеткаи 43-юми ҷахон намояндаи Италия - Ясмин Паолини бозӣ кард. Елена дар сети аввал бо ҳисоби 6:4 ғалаба кард. Дар сети дуюм, теннисбози қазоқ дар ибтидо бо ҳисоби 2:5 рӯ ба бохт буд ва бар замми ин дар идома аз китфаш осеб бардошт ва майдонро тарк кард. Ғолибият насиби Ясмин Паолини гардид. Елена то ҳол аз осеби китфаш нигарон аст.
Теннисбозон рӯи корт 1 соату 16 дақиқа бозӣ карданд. Ҳамакнун, дар даври чаҳорякниҳоӣ Ясмин Паолини бо ракеткаи 7-уми ҷаҳон Коко Гауффи амрикоӣ сабқат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқа дар Синсиннати аз 14 то 20-уми август идома мекунад. Маблағи умумии ҷоизаҳо дар сабқати яккасаи занон 2,7 миллион долларро ташкил медиҳад. Ғолиби феълии ин мусобиқа Каролин Гарсия мебошад, ки соли гузашта дар финал бар Петра Квитова пирӯз шуда буд.
