Роҳбарияти “Арсенал” азм доранд бо Артета ҳамкориро идома диҳанд

Роҳбарияти “Арсенал” азм доранд бо Артета ҳамкориро идома диҳанд

Роҳбарияти бошгоҳи “Арсенал”-и шаҳри Лондон ҳадаф доранд, ки Микел Артетаро ҳамчун сармураббии даста нигоҳ доранд. Ба гуфтаи рӯзноманигор Экрем Конур, роҳбарияти "тӯпчиён" ният дорад, ки дар охири мавсими ҷорӣ бо мураббии 42-солаи испанӣ дар бораи шартномаи нав музокираро оғоз кунанд.

Шартномаи пешинаи тими шаҳри Лондон бо Артета тобистони соли 2025 ба охир мерасад. Микел Артета моҳи декабри соли 2019 ба дастаи “Арсенал” омада буд. Дар ин муддат ба бошгоҳи шаҳри Лондон муяссар шуд, ки ду Суперҷоми Англия ва Ҷоми Англияро ба даст орад.

Дар мавсими имсола даста муборизаро барои қаҳрамонӣ дар Премйер-Лига ва барои пирӯзӣ дар Лигаи Чемпионҳо идома медиҳад.