Роҳбарияти "Барселона" аз Ҳанс-Дитер Флик чи мехоҳанд?

Роҳбарияти "Барселона" аз Ҳанс-Дитер Флик чи мехоҳанд?

Қабл аз оғози ин мавсим “Барселона” мутахассиси олмонӣ Ҳанс-Дитер Фликро ба ҳайси сармураббии даста таъйин кард.

Президенти даста  Жоан Лапорта дар бораи кори мутахассиси олмонӣ ва вазифаҳое, ки дар назди ӯ гузоштаанд,гуфта гузашт.

"Мо аз Флик касбият талаб мекунем ва мехоҳем, ки ӯ футболи дӯстдоштаамонро нишон диҳад. Мо барои мақсадҳои гузоштаи худ ба ҳама чиз розӣ ҳастем ва Флик барои расидан ба ин ҳадафҳои мо заминагузори асоси мебошад. Ӯ марде аст, ки  баҳона намеҷӯяд ва бо он тавоне, ки дорад,кори гузоштаро дар амал анҷом медиҳад.

Мо то ба ҳол  мушаххасан нагуфтем,ки чи корҳор ва чи унвонҳоро бояд ба даст орем.Он чизеро, ки мо мехоҳем Флик ҳам  мехоҳад. Мо болои мақсадҳои худ  кор хоҳем кард "гуфт Лапорта.

Зери роҳбарии Флик, Барселона мавсимро хуб оғоз кард. Дар чор вохурии “Ла-Лига”-и Испания даста чор ғалабаро ба даст овард,ки бо 12 имтиёз айни ҳол “Барселона” дар  чои якум қарор дорад.