Роҳбарияти ФФТ бо роҳбарони бошгоҳҳои Тоҷикистон ҷаласаи корӣ гузаронд
Дирӯз, 6-уми июн, дар меҳмонхонаи “Румӣ” роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо роҳбарон ва намояндагони бошгоҳҳои Лигаҳои олӣ ва якум вохӯрӣ анҷом дод.
Дар ҷаласаи мазкур ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо, ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов, дабири кулли ФФТ Фурқат Ахмедҷонов ва директори генералии Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбонов ширкат варзиданд.
Вохӯрӣ дар фазои озод гузашта, дар он масоили муҳим ва мубрами футболи бошгоҳӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷониби роҳбарияти ФФТ барои боз ҳам баландтар бардоштани сатҳу сифати бозиҳои Лигаи олӣ ва Лигаи якум дастурҳои мушаххас дода шуд.

