Роҳбарияти ФФТ дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада ширкат варзид
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА), ки дар Ванкувери Канада баргузор шуд, иштирок кард.
Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар Конгресс ноибони президент Алишер Урунов ва Искандар Ҷалилов, инчунин котиби генералӣ Фурқат Ахмедҷонов намояндагӣ карданд.
Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино дар ин ҳамоиш суханронӣ карда, як қатор лоиҳаҳоро, аз ҷумла барномаи FIFA Forward, ки футболро дар саросари ҷаҳон босуръат рушд медиҳад, қайд намуд.
Ба гуфтаи Инфантино, шумораи лоиҳаҳое, ки бо ҳамкории 211 ассотсиатсияи узви ФИФА амалӣ мешаванд, дар муқоиса бо давраҳои қаблӣ ҳашт маротиба афзоиш ёфтааст. Ӯ инчунин афзуд, ки сармоягузорӣ дар доираи барномаи FIFA Forward дар давраи оянда ба сатҳи рекордӣ хоҳад расид.
Дар Конгресс Ҷанни Инфантино аз 211 иттиҳодияи узви ФИФА барои дастгирӣ ва натиҷаҳое, ки тӯли 10 соли охир ба даст омадаанд, изҳори сипос кард ва нақшаи худро барои пешниҳоди номзадӣ ба мақоми президентӣ дар соли 2027 эълон намуд.
Конгресси 77-уми ФИФА 18 марти соли 2027 дар пойтахти Марокаш шаҳри Работ баргузор мешавад.