Роҳбарияти ФФТ дар конгресси ФИФА ширкат намуд

Роҳбарияти ФФТ дар конгресси ФИФА ширкат намуд

Дар пойтахти Руанда шаҳри Кигали Конгресси 73-юми Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) баргузор шуд, ки дар кори он роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон – дабири кулл Фурқат Ахмедҷонов ва сардори департаменти байналмилалӣ Давлатманд Исломов ширкат доштанд. Дар ин бора ФФТ хабар додааст.

Дар доираи Конгресс маросими интихоби президенти ФИФА баргузор гардид. Ҷанни Инфантино аз Швейтсария барои давраи нав – аз соли 2023 то 2027 президенти ФИФА интихоб шуд.

Конгресси навбатии ФИФА 17 майи соли 2024 баргузор мешавад. Макони баргузорӣ дертар эълон карда мешавад.