Роҳбарияти ФФТ пеш аз оғози Ҷоми Осиё -2023 бо мунтахаби Тоҷикистон вохӯрд

Дар вохӯрӣ бо даста, ки имрӯз дар меҳмонхонаи «Banyan Tree Doha» баргузор шуд, ноиби якуми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо, дабири кулли ФФТ Фурқат Ахмедҷонов ва дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов иштирок доштанд.
Зимни вохӯрии гарму самимӣ роҳбарияти ФФТ бо бозигарон ва ҳайати мураббиён дар бораи баргузории Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар суҳбат карда, ба даста дар аввалин иштирокашон дар ин мусобиқаи фароқоравӣ барору комёбӣ таманно намуд.
Бояд гуфт, ки дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Чин (13 январ), Қатар (17 январ) ва Лубнон (22 январ) рақобат мекунад.