Роҳбарияти ФФТ ва ЛФТ бо раисони ноҳияҳои Ёвон ва Рӯдакӣ вохӯрии корӣ анҷом доданд

Роҳбарияти ФФТ ва ЛФТ бо раисони ноҳияҳои Ёвон ва Рӯдакӣ вохӯрии корӣ анҷом доданд

Комиссияи литсензиякунонии ФФТ таҳти роҳбарии ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов тибқи нақша ба ноҳияҳои Ёвон ва Рӯдакӣ сафар намуд.

Дар нимаи аввали рӯз мулоқот бо раиси ноҳияи Ёвон Бахтиёр Маҳмудзода сурат гирифт. Дар аснои вохӯрӣ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои протоколи ҷаласаи назди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи футболи кишвар ироа гардида буданд, маълумот манзур карда шуд.

Бахтиёр Маҳмудзода ба ҳайати комиссия лоиҳаи варзишгоҳи марказии ноҳияро, ки дар он бозиҳои хонагии “Моҳир”-и маҳаллӣ доир мешавад, нишон дод ва қайд кард, ки азнавсозӣ аллакай оғоз ёфтааст. Инчунин дар варзишгоҳ таблои нав насб гардида, барои дастаи “Моҳир” микроавтобус харидорӣ карда мешавад.

Дар нимаи дуюми рӯз бошад комиссия зимни ташриф ба ноҳияи Рӯдакӣ бо раиси ноҳия Ҳикматуллозода Абдуғаффор вохӯрӣ анҷом дод. Таъмири варзишгоҳи “Нефтяник” ҳам оғоз ёфтааст ва тибқи ваъдаи раиси ноҳия то оғози мавсим нурафканҳо ва таблои ҷавобгӯ ба талаботҳои байналмиллалӣ насб мешаванд.

Инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ шарт гузоштааст, ки дар сурати гузаштани дастаи “Куктош” аз шакли “Ташкилоти ҷамъиятӣ” ба тобеъияти муассисаи давлатии “Маркази рушди варзиш” дар ноҳияи Рӯдакӣ, иваз шудани роҳбарияти бошгоҳи “Куктош” ва иваз кардани номи даста онҳо маблағгузории пурраи дастаро ба зимма хоҳанд гирифт.

Дар сурати иваз шудани танҳо роҳбарияти даста бе иҷроиши ҳолатҳои дигари болозикр, ҳукумати ноҳия танҳо аъзоҳақии дастаро барои иштирок дар Лигаи олӣ пардохт мекунаду халос.