Роҳбарияти “Манчестер Сити” хостгори Лерой Сане аз “Бавария” шудааст...

Роҳбарияти “Манчестер Сити” хостгори Лерой Сане аз “Бавария” шудааст...

Ҳамлагари дастаи «Бавария» - Лерой Сане эҳтимол корномаи варзишиашро дар Англия идома диҳад. Дар ин бора Bild хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, бошгоҳи «Манчестер Сити» мехоҳад, ки бозигари олмонии  27-соларо, ки аз соли 2016 то соли 2020 дар ин даста бозӣ карда, пас аз он ба «Бавария» гузашт, баргардонад.

Ёдовар мешавем, ки дар мавсими ҷорӣ Сане 18 бозӣ анҷом дода, 9 гол ва 7 партофти головар кардааст.