Роҷер Федерер охирин бозии корномаашро анҷом дод

Роҷер Федерер охирин бозии корномаашро анҷом дод

Теннисбози афсонавӣ Роҷер Федерери 41-сола ба нафақа баромад. Бозии охирин барои ӯ бозии ҷуфти “Ҷоми Лейвер” буд, ки дар он ӯ ва Рафаэл Надал аз  ҷуфти Ҷек Сок ва Фрэнсис Тиафо  шикаст хӯрданд (6:4, 6:7, 9-11).

Пеш аз “Ҷоми Лейвер”  Федерер бо сабаби ҷароҳати зонуаш  беш аз як сол аз теннис дур монда буд.

Федерер қаҳрамони 20-каратаи мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”  аст. Аз соли 2009 то аввали соли 2022 ӯ рекордсмени ин нишондод буд, вале баъдан аз ӯ Надал ва Новак Ҷокович пеш гузаштанд.

Федерер  дорандаи унвони қаҳрамонии  “Уимблдон “ (8 ғалаба) ва US Open (5 ғалаба) мебошад.

Дар маҷмӯъ, Федерер 103 унвон дорад. Бештар дар таърихи тенниси мардона танҳо Ҷимми Коннорс  аз ӯ пеш аст (109).

Теннисбози швейтсари 310 ҳафта  аввалин ракеткаи ҷаҳон буд. Ин натиҷа то моҳи марти соли 2021 беҳтарин дар таърих буд, аммо  Новак  Ҷокович  аз ин нишондод пеш гузашт.  Ҳамчунин Федерер 237 ҳафта пайиҳам ракеткаи рақами яки ҷаҳон буд, ки ин рекорд маҳсуб мешавад.

Илова бар ин, Федерер барандаи “Ҷоми Дэвис”  ва қаҳрамони Олимпиадаи Пекин-2008 дар рақобатҳои ҷуфтӣ  аст.