Роберто Манчини: "Моро бо тими миллии Тоҷикистон бозии душвор дар пеш аст"

Роберто Манчини: "Моро бо тими миллии Тоҷикистон бозии душвор дар пеш аст"
Сармураббии тими миллии Арабистони Саудӣ, мутахассиси итолиёвӣ Роберто Манчини дар нишасти матбуотии қабл аз бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тими Тоҷикистон ширкат кард.

Роберто МАНЧИНИ, сармураббии тими миллии Арабистони Саудӣ:

– Бори аввал ба Душанбе омадаам, шаҳри хеле зебост. Имрӯз моро бо тими миллии Тоҷикистон бозии душвор интизор аст. Тоҷикистон дастаи хеле хубест, ки дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар натиҷаи хуб ба даст овард. 

Мо бозиҳои рақибро таҳлил кардем, дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон чаҳор бозигарро қайд карда метавонам, вале ном намебарам, даста гурӯҳи хуби ҳамлакунанда дорад. Бозӣ дар Душанбе дар майдони сунъӣ мегузарад ва ин метавонад барои мо мушкилӣ эҷод кунад.

 Дар муқоиса бо вохӯрии аввал дар Риёз, имрӯз мо ба се бозигар умед баста наметавонем, вале нафарҳое дорем, ки онҳоро иваз кунанд. Мо инҷо барои ғалаба омадем.


Қобили зикр аст, ки бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ 26 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мегардад.