Роберто Мартинес аз мақомаш истеъфо дод!

Роберто Мартинес аз мақомаш истеъфо дод!

Сармураббии мунтаъаби  Белгия - Роберто Мартинес аз мақомаш истеъфо дод. Дар ин бора худи мураббӣ  пас аз он,  ки дастааш ба плей-оффи Ҷоми ҷаҳон набаромад, хабар дод.

«Ин охирин бозии ман ба ҳайси мураббии тими миллӣ буд. Ҳоло ман аз ҳарвақта бештар эҳсосотиам. Ман наметавонам ин тавр кор кунам. Аллакай бо бозигарон ва кормандон видоъ гуфтам. Ба ҳар ҳол, новобаста аз он ки чӣ мешавад, рафтанӣ будам.
Ҳатто агар мо қаҳрамони ҷаҳон ҳам мешудем, ман вазифаи худро тарк мекардам. Ин тасмимро чанде пеш аз оғози мусобиқа қабул карда будам," гуфтааст Мартинес.


Ёдовар мешавем, ки  мутахассис аз соли 2016 тими миллии Белгияро раҳбарӣ мекунад. Бо ӯ даста ба даври ниманиҳоии Ҷоми Ҷаҳонии Русия роҳ ёфт, ки дар он аз тими миллии Фаронса шикаст хӯрд ва сипас бо шикаст додани Англия мақоми сеюмро ишғол намуд.