Родри ба "Реал Мадрид" мегузарад?
Футболбози 28-солаи испанӣ, барандаи Чемпионати Аврупо-2024 Родри метавонад,ки ба “Реал Мадрид” гузарад. Дар ин бора нашрияи испании “Diario AS” дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ,дастаи мадридӣ роҳои ҷалби ин футболбозро ба даста то соли 2025 баррасӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Родри беҳтарин футболбози Чемпионати Аврупо-2024 аз ҳайати тими миллии Испания эълон шуда буд. Тибқи маълумоти портали “Transfermarkt”, арзиши бозории футболбоз 130 миллион евро аст.Нимҳимоятгар бо дастаи “Манчестер Сити” то соли 2027 шартном дорад.Мавсими гузашта дар ҳайати “Шаҳриҳо” 50 бозӣ анҷом дода, 9 гол ва 14 партофти головар анҷом додааст.