Родри дар овоздиҳӣ баҳри “Тӯби тиллоӣ” киро интихоб кардааст?
Натиҷаи овоздиҳии нимҳимоятгари тими миллии Испания ва “Манчестер Сити” Родри дар интихоби дорандаи “Тӯби тиллоӣ” маълум шуд.
Тавре рӯзноманигор Фабритсио Романо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳад, бозигар худро дар ҷои аввал гузошт. Ҳимоятгари дастаи “Реал Мадрид” Дани Карвахал дар рейтинги бозигари испанӣ дар ҷои дуюум қарор дорад. Нафари канории “Лос Бланкос” Винисиус Ҷуниор бошад , тибқи интихоби ӯ дар мақоми сеюм қарор дорад.
Родри аввалин бозигари бошгоҳи Премйер-Лигаи Англия шуд, ки аз соли 2008 ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ»-ро гирифтааст.
Ҳамлагари тими «Реал Мадрид» Винисиус Ҷуниор дар натиҷаи овоздиҳӣ ҷои дуюмро гирифт. Нафари дигари ҷониби “Лос-Бланкос” ва нимҳимоятгари тими миллии Англия Ҷуд Беллингем мавқеи сеюмро ишғол кард. Ба панҷгонаи беҳтаринҳо ҳамчунин ҳимоятгар Даниэл Карвахал («Реал Мадрид») ва ҳамлагар Эрлинг Ҳоланд («Манчестер Сити») шомил шуданд.