Родриго бозии 200-умашро дар ҳайати “Реал” доир кард

Родриго бозии 200-умашро дар ҳайати “Реал” доир кард

Рӯзи сешанбеи 13 –уми феврал бозии аввали даври 1/8 ниҳоии Лигаи Қаҳрамонҳо миёни дастаҳои “Лейптсиг” ва “Реал Мадрид” баргузор шуд. Вохӯрӣ бо пирӯзии шогирдони Карло Анчелотти бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт.

Родриго ба ҳайати асосии Мадрид ворид шуд. Барои вингери “Реал” - ин бозӣ 200-умин дар ҳайати дастаи шаҳри Мадрид буд.

Футболбози 23-сола ба задани 50 гол ва 36 ассист ноил гардидааст.