Родриго дар ҳайати “Реал Мадрид” антирекорд гузошт
Ҳамлагари “Реал Мадрид” Родриго Гоэс дар 30 бозии пайиҳам ба задани гол ноил намешавад. Ин тӯлонитарин силсилаи бегол дар байни ҳамлагарон дар таърихи “Реал Мадрид” мебошад. Дар ин бора нашрияи омории Opta хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, пештар ин антирекорд ба ҳамлагари собиқи “Реал Мадрид” — Мариано Диас тааллуқ дошт.
Голи охирине, ки Родриго дар ҳайати “Реал Мадрид” зада буд, дар моҳи марти соли 2025 ба қайд гирифта шудаааст. Гол дар бозии марҳилаи плей-оффи Лигаи чемпионҳои мавсими 2024/2025 ба дарвозаи “Атлетико Мадрид” (2:1) зада шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки дар мавсими ҷорӣ, ҳамлагари 24-солаи бразилӣ дар 15 бозии “Реал Мадрид” дар ҳама мусобиқот ширкат карда, 2 паси головар анҷом додааст.