“Рома” ба даври чаҳорякниҳоии ЛА баромад!

“Рома” ба даври чаҳорякниҳоии ЛА баромад!

«Рома» дар бозии ҷавобии даври 1/8 финали Лигаи Аврупо бо «Сосйедад» мусовӣ кард.

Дастаҳо ба дарвозаи худ гол наоварданд, ҳарчанд «Рома» тавонист гол занад. Аммо голи Смоллинг аз сабаби тӯби дастӣ дар майдони дарвозабон ба ҳисоб гирифта нашуд.

Аммо испаниҳо хеле хуб бозӣ карданд ва чанд лаҳзаи голзаниро  аз даст доданд.  «Рома» аз ҳимояи классикии Моуринйо наҷот ёфт ва ба даври баъдӣ баромад.

Дар бозии аввал итолиёвиҳо бо ҳисоби 2 бар 0 дар Рим ғалаба карда буданд.

Лига Аврупо | Даври 1/8 ниҳоӣ

«Сосйедад» – «Рома» 0:0. (бозии аввал): 0:2

«Сосйедад»: Ремиро, Горосабел (Сола, 71), Ле Норман, Субелдия, Рико, Силва, Мендес (Чо, 79), Мерино, Субименди, Серлот (Фернандес, 62), Ойарсабал (Кубо, 71).

«Рома»: Руй Патрисиу, Карсдорп (Залевски, 41), Смоллинг, Манчини, Рожер, Спинатсола, Бове, Вейналдум, Кристанте, Пеллегрини, Дибала (Эл-Шаарави, 75), Белотти (Абраҳам, 76).

Корти сурх гирифт: Фернандес, 90+8