“Рома” ва “Милан” дар даври 22-юми Серияи А ба натиҷаи мусовӣ расиданд

“Рома” ва “Милан” дар даври 22-юми Серияи А ба натиҷаи мусовӣ расиданд

Бозӣ байни дастаҳои “Рома” ва “Милан” дар даври 22-юми мавсими ҷории Серияи А-и Италия 2025/2026 дар варзишгоҳи "Олимпико"-и шаҳри Рим бо ҳисоби мусовии 1-1 ба анҷом расид.

Серияи А-и Италия. Даври 22-юм

26 январи соли 2026, якшанбе. 00:45 ДШБ

“Рома” (Рим) 1:1 “Милан” (Милан)

0:1 Де Винтер – 62' 1:1 Пеллегрини – 74'

Ҳимоятгари бошгоҳи Милан Конни Де Винтер дар дақиқаи 62-юм ҳисобро кушод. Вале нимҳимоятгари мизбонон Лоренсо Пеллегрини бошад дар дақиқаи 74-ум баз зарбаи пеналтӣ ҳисобро баробар кард. Дар вақтҳои боқимонда дастаҳо ба задани гол муваффақ нашуданд.

Пас аз 22 бозӣ дар Серияи А-и Италия “Рома” бо 43 имтиёз дар ҷои чорум қарор дорад. “Милан” 47 имтиёз дошта, дар ҷадвал дуюм аст.

Дар даври баъдии чемпионати Италия бошгоҳи шаҳри Рим рӯзи 2-юми феврал дар сафар бо “Удинезе” бозӣ намуда, як рӯз пас аз ин бошад “Милан” бо Болония рақобат хоҳад кард.