“Рома” ва “Ювентус” ғолибро муайян накарданд
Дар доираи даври 27-уми Серияи А-и Италия дастаҳои “Рома” ва “Ювентус” дар варзишгоҳи “Олимпико”-и шаҳри Рим андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрӣ таҳти ҳакамии Симоне Содза баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 3:3 анҷом ёфт.
Ҳисобро дар дақиқаи 39-ум ҳимоятгари римиҳо Уэсли Франса боз кард. Дар дақиқаи 47-ум ҳамлагари туриниҳо Шику Консейсау бо голи зебояш ҳисобро баробар намуд. Дар дақиқаи 54-ум Эван Н'Дика “Рома”-ро дубора дар ҳисоб ба пеш баровард. Баъдан, дар дақиқаи 65-ум Дониэлл Мален голи сеюми мизбононро ба самар расонд.
Меҳмонон таслим нашуданд ва дар дақиқаи 78-ум Жереми Бога фарқиятро кам кард. Ниҳоят, дар дақиқаи 90+3 ҳимоятгар Федерико Гатти гол зада, ҳисобро мусовӣ кард ва “Ювентус” аз бохт наҷот дод.
Пас аз 27 даври чемпионати Италия “Рома” бо 51 имтиёз дар зинаи чорум қарор дорад. “Ювентус” бо 47 имтиёз ҷойи шашумро ишғол мекунад. “Интер” бо 67 имтиёз пешсафи ҷадвали мусобиқа мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар даври навбатӣ “Рома” рӯзи 8 март бо “Ҷеноа” бозӣ мекунад. Як рӯз пештар “Ювентус” бо “Пиза” рӯбарӯ хоҳад шуд.