Роналду аввалин футболбоз дар таърих аст, ки дар 6 мусобиқаи Евро иштирок кардааст

Ҳамлагари 39-солаи тими миллии Португалия Криштиану Роналду аввалин футболбоз дар таърих аст, ки дар шаш чемпионати Аврупо ширкат кардааст. Футболбоз дар Чемпионати Аврупо дар солҳои 2004, 2008, 2012, 2016 (ғолиб), 2020 (воқеъ дар соли 2021 баргузор шуд) иштирок карда, дар бозии даври якуми марҳилаи гурӯҳии Евро-2024 муқобили Чехия дар ҳайати асосӣ ба майдон баромад.
18-уми июн дар варзишгоҳи «Ред Булл Арена» -и шаҳри Лейптсиг бозии даври якуми марҳилаи гурӯҳии Чемпионати Аврупо-2024 миёни дастаҳои мунтахаби Португалия ва Чехия баргузор гардида, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи португалиҳо анҷом ёфт.
Дастаҳои мунтахаби Португалия ва Чехия дар Евро-2024 дар гурӯҳи F бо Гурҷистон ва Туркия бозӣ мекунанд. Бори охир Португалия ва Чехия соли 2022 дар бозии марҳилаи гурӯҳии Лигаи Миллатҳо бо ҳам бозӣ карда буданд. Дар ин бозӣ тими миллии Португалия бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд. Дар Чемпионати Аврупо-2012 дастаи Чехия дар даври чорякниҳоӣ аз Португалия (0:1) мағлуб шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки Роналду бо мунтахаби Португалия соли 2016 ғолиби Чемпионати Аврупо шуда буд.