Роналду ба Ашқобод меояд – натиҷаи қуръакашии марҳилаи плей-оффи ЛЧ 2-и Осиё
Имрӯз дар Қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё воқеъ дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия маросими қуръакашии марҳилаи плей-оффи Лигаи чемпионҳои 2-и Осиё баргузор гардид.
Аз минтақаи Ғарби Осиё дастаҳои “Ал-Васл”-и АМА, “Истиқлол”-и Эрон, “Ал-Аҳлӣ Доҳа”-и Қатар, “Арқадоғ”-и Туркманистон, “Ал-Ҳуссейн”-и Урдун, “Сипоҳон”-и Эрон, “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ ва “Ал-Завраа”-и Ироқ ба марҳилаи плей-офф роҳ ёфтанд. Дар мавсими имсола дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон аз гурӯҳ ба марҳилаи плей-офф роҳ ёфта натавонист.
Аз минтақаи Шарқи Осиё дастаҳои “Макартур”-и Австралия, “Конган”-и Ветнам, “Гамба Осака”-и Ҷопон, “Ратчабури”-и Тайланд, “Персиб Бандунг”-и Индонезия, “Бангкок Юнайтед”-и Тайланд, “Тэмпайнс”-и Сингапур ва “Пхохан Стиерс”-и Кореяи Ҷанубӣ ба марҳилаи плей-офф баромаданд.
Дар натиҷаи қуръакашӣ дар минтақаи Ғарби Осиё ҷуфтҳои зерин муайян шуданд:
“Ал-Завраа” – “Ал-Валс”
“Арқадоғ” –“Ал-Наср”
“Сипоҳон” –“Ал-Аҳлӣ”
“Истиқлол” –“Ал-Ҳуссейн”
Бозиҳои аввал дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ рӯзҳои 10–11-уми феврал ва бозиҳои ҷавобӣ 17–18-уми феврали соли 2026 дар минтақаи Ғарб доир мешаванд.
Дар натиҷаи қуръакашӣ дар минтақаи Шарқи Осиё ҷуфтҳои зерин муайян шуданд:
“Пхохан Стиерс” - “Гамба Осака”
“Ратчабури” - “Персиб Бандунг”
“Бангкок Юнайтед” - “Макартур”
“Конган” - “Тэмпайнс”
Бозиҳои аввал дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ рӯзҳои 11–12 -уми феврал ва бозиҳои ҷавобӣ 18–19 -уми феврали соли 2026 дар минтақаи Шарқ доир мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки қаҳрамони феълии мусобиқа дастаи “Ал-Шарҷа”-и АМА маҳсуб мешавад. Финали мавсими имсолаи Лигаи чемпионҳои 2-и Осиё рӯзи 16-уми май доир мешавад.
