Роналду ба ҳайати мунтахаби Португалия даъват гардид

Роналду ба ҳайати мунтахаби Португалия даъват гардид

Ҳамлагари тими «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ Криштиану Роналду ба тими мунтахаби Португалия барои бозиҳои интихобии қаҳрамонии Аврупо-2024 дар Олмон даъват шудааст. Дар ин бора  The Athletic хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, Роналдуи 38-сола ба дархости тими миллии Португалия барои бозиҳо бо мунтахабҳои Лихтенштейн ва Люксембург рӯзҳои 23 ва 26 март ворид карда мешавад.

Бозии охирини Роналду дар ҳайати Португалия дар даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Ҷаҳонии 2022 дар Қатар бо Марокаш (0:1) буд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Роналду беҳтарин бозигари моҳ дар Арабистони Саудӣ эътироф шудааст.