Роналду ба “Бавария” рафтанӣ аст, лек...

Роналду ба “Бавария” рафтанӣ аст, лек...

Барандаи панҷкаратаи “Тӯби тиллоӣ” - Криштиану Роналду метавонад аз “Манчестер Юнайтед” ба “Бавария” гузарад. Ба иттилои манбаъ, бошгоҳи Мюнхен интизор дорад, ки рафтани ҳамлагари 33-сола Роберт Левандовскиро бо ҷалби Роналду ҷуброн кунад. Футболбози полшагӣ қаблан гуфта буд, ки мехоҳад тобистони имсол аз “Бавария” равад.

Дирӯз,  расонаҳои Испания хабар доданд, ки ҳамлавари португалӣ бо далели лоиҳаи устувор набудани “Манчестер Юнайтед” ва нақшаи дарёфти ҷоиза надоштанаш бақароре омадааст, ки тарки дастаи англисӣ намояд. Дар мавсими солҳои 2021/2022, Роналду дар ҳайати “Манчестер Юнайтед” дар ҳама мусобиқаҳо 38 бозӣ карда, ба задани 24 гол ва 3 партофти головар муваффақ шудааст. «Манчестер Юнайтед» дар ҷадвали Премер-Лигаи Англия дар зинаи шашум қарор гирифт ва натавонист ба Лигаи Чемпионҳо роҳ ёбад.