Роналду ба Тоҷикистон меояд!
Имрӯз дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала-Лумпур маросими қуръакашии Лигаи қаҳрамонҳои КФО анҷом ёфт. Дастаи «Истиқлол» -и шаҳри Душанбе шомили гурӯҳи “Е” бо бошгоҳҳои “Персеполис”-и Эрон, “Ал-Дуҳаил”-и Қатар ва “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ шомил гардид.
Бозии дастаҳои “Истиқлол” ва “Ал-Наср” эҳтимол дар оғози моҳи декабр баргузор мегардад. Ситораи футболи ҷаҳонӣ Криштиану Роналду ба Душанбе меояд ва дар бозӣ муқобили “Истиқлол” бозӣ мекунад.
Албатта, ин фурсат ва ин лаҳзаро ҳаводорони футболи тоҷик бесаброна мунтазир буданд, ки ҷомаи амал пӯшид. Пас ҳама якҷоя Роналдуро дар Душанбе ва Тоҷикистони биҳиштосо меҳмондорӣ мекунем!
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бозии якуми худро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24 дар майдони худ бо тими «Ал-Дуҳайл»-и Қатар анҷом медиҳад. Ин дидор рӯзи 18-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.
Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ ғолибони панҷ гурӯҳ аз ҳар як минтақа, инчунин се даста, ки дар гурӯҳҳои худ бо натиҷаи беҳтарин ҷойи дуюмро мегиранд, ба даври 1/8 ниҳоии мусобиқа роҳ меёбанд.
Тақвими бозиҳои дастаи "Истиқлол" :
8-19 сентябр - "Истиклол" - "Ал-Дуҳайл" (Қатар)
2-3 октябр - "Ал-Наср" (Арабистони Саудӣ) - "Истиқлол"
23-24 октябр - "Персеполис" (Эрон) - "Истиқлол"
6-7 ноябр - "Истиқлол" - "Персеполис" (Эрон)
27-28 ноябр - "Ал-Дуҳайл" (Қатар) - "Истиқлол"
4-5 декабр - "Истиқлол" - "Ал-Наср" (Арабистони Саудӣ)