Роналду ба «Ювентус» ёрӣ дода натавонист

Роналду ба «Ювентус» ёрӣ дода натавонист

Дар бозии якуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои Аврупо бошгоҳи “Ювентус” ба меҳмонии “Атлетико” сафар намуд, вохӯрии тимҳо дар майдони навбунёди «Ванда Метрополитано»-и шаҳри Мадрид сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Бозии дигари гурӯҳ байни тимҳои “Байер” ва “Локомотив”-и Москва баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 бар нафъи русҳо хотима ёфт. Дар айни ҳол “Локомотив” бо дарёфти се хол садрнишини ҷадвали гурӯҳи “D” ба ҳисоб меравад. 

Лигаи чемпионҳо

Гурӯҳи D

«Атлетико» (Испания) — «Ювентус» (Италия) — 2:2 (0:0)

Голҳо: Куадрадо, 48 (0:1). Матюиди, 65 (0:2). Савич, 70 (1:2). Эррера, 90 (2:2).

«Атлетико» (Испания): Облак, Триппйер, Савич, Хименес, Лоди (Витоло, 76), Коке, Саул, Партей (Эррера, 76), Лемар (Корреа, 60), Диегу Коста, Жоау Феликс.

«Ювентус» (Италия): Шенсни, Данилу, Бонуччи, де Лигт, Сандру, Хедира (Бентанкур, 69), Пянич (Рэмси, 87), Матюиди, Куадрадо, Игуаин (Дибала, 80), Криштиану Роналду.