Роналду беҳтарин бозигари моҳи август дар чемпионати Арабистони Саудӣ

Ҳамлагари португалии тими “Ал-Наср”-и Криштиану Роналду беҳтарин бозигари моҳи август дар чемпионати Арабистони Саудӣ дониста шуд.
Футболбози 38-сола аз шаҳри Риёз дар моҳи август 5 гол ва 3 партофти головар карда буд.
Барои ба даст овардани ин ҷоиза Роналду аз ҳамлагари бразилии “Ал-Ҳилол”- Малком , нимҳимоятгари алҷазоирии “Ал-Аҳлӣ” - Рияд Маҳрез ва нимҳимоятгари бразилии “Ал-Иттиҳод” - Игор Коронадо пеш гузашт.